Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР БОХТАР РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД


ДАР БОХТАР РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД




Бо мақсади пурзӯр намудани раванди дӯстӣ, беҳтар кардани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, табодули таҷриба ва шинос шудан аз фарҳанги якдигар шуруъ аз 21 август дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии он дидан мекунанд. Раванди гаштугузори онҳо аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар нақшбандӣ шуда, дар назар аст, ки ҳайати меҳмонон то рӯзи 23 август дар шаҳри Бохтар боқӣ монанд. 

Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон як қатор барномаҳо дар назар дошта шудааст, ки сафари онҳоро хотирмон мегардонад.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода