ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 207
Имрӯз, 13 август, дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода Ҷамшед қабули сайёри шаҳрвандон доир гардид.
Нахуст, муоини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода зимни вохӯрӣ қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Каримзода Ҷамшед ба масъулини идораҳо ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳо дод.
Сипас, Каримзода Ҷамшед масъулин, фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ мулоқот анҷом дод.
Каримзода Ҷамшед оид ба вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, рӯёндани ду ҳосил аз заминҳои корам, захираи маводи озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00