Давлаталӣ Саид: “Дар ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегардем”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 237
Субҳи имрӯз, 9 август, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иштироки беш аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардид.
Дар ибтидо раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон барои ҳамкории самарабахш бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 изҳори сипос намуд.
Қайд гардид, ки фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо меҳнати софдилона ва содиқонаи худ ба раванди пешрафти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар шаш моҳи аввали соли 2024 дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардидаанд, дастуру роҳнамои фаъолият қарор дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба 15,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 банди фоизӣ афзоиш ёфт. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 100% таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 643 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Тавре ки раиси вилоят зикр намуд, дар вилояти Хатлон нимаи якуми сол 5 миллиону 930 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4 миллиону 126 ҳазор доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 44,2 миллион доллар кам мебошад.
Вобаста ба саволи хабарнигорон дар бораи содироти маҳсулот аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар нимаи якуми соли 2024 ба 225 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 миллион доллар (52,3%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 миллион доллар (51,1%) зиёд мебошад. Дар ин давра дар сохтори содирот 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 бо маблағи 39,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 30,8 ҳазор тонна нахи пахта бо маблағи 56,2 миллион доллар, 5104 тонна калобаи ресандагӣ бо маблағи 12,9 миллион доллар ва 163,2 ҳазор тонна семент бо маблағи 8,3 миллион доллар содирот шуд. Инчунин, аз ҳудуди вилоят 626 тонна нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи ватании “Азот” ба маблағи 170 ҳазор доллари ИМА ба Афғонистон содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 27086 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон 6217 тонна, Афғонистон 966 тонна, Қазоқистон 3000 тонна, Россия 2864 тонна, Ӯзбекистон 640 тонна ва Белорусия 76 тонна содирот шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна (47%) зиёд ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Раиси вилоят аз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди соҳаи саноат ситоиш карда, маълумот дод, ки бо ҷалби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нимаи якуми сол 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойи корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
- Дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 адад иншооти нақшавӣ 3090 иншоот ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, - афзуд раиси вилоят. - Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 685 адад иншоот, аз он ҷумла 50 иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ, 22 иншооти варзишӣ, 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ сохта, 171 иншооти хизматрасонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин раванд 6539 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Ҷиҳати зиёд намудани шумораи иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 739 иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуда, корҳо дар ин самт ба тадриҷ амалӣ мешаванд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид муждагонӣ дод, ки шумора ва ҳаҷми маблағи грантҳои раиси вилоят барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории бонувон зиёд карда шуд. Ҳамакнун 30 нафар ғолибони гранти раиси вилоят аз ҳисоби соҳибкорзанони Хатлон бо дарёфти аз 15 то 25 ҳазор (ҷамъан 500 ҳазор сомонӣ) сомонӣ метавонанд лоиҳаҳои тиҷоратии худро амалӣ созанд.
То ин вақт ҳамасола 21 гранти раиси вилоят барои дастгирии соҳибкорзанони Хатлон ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардид.
Аз ҷониби хабарнигорон вобаста ба саҳми соҳибкорони ватанӣ дар таъмиру тармими роҳҳо, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бозсозии теппаи таърихии Қӯрғон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди сайёҳӣ, музаффарияти хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, гиромидошти хотираи шахсиятҳои мондагор ва дигар масъалаҳо саволҳо дода шуда, ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт гардиданд.
- Заҳмати шабонарӯзии шумо - кормандони муҳтарами воситаҳои ахбори омма ва аҳли эҷоди Хатлонзамин дар вазъи кунунии таҳавулоти геосиёсӣ ва бо суръати баланд тағйир ёфтани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят баланд қадрдонӣ карда мешавад ва мо манфиатдори боз ҳам тавсеа ёфтани ҳамкориҳои созанда бо шумо ҳастем, - таъкид намуд раиси вилоят.
Дар охир, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори итминон кард, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00