Ҷавондухтари муваффақ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 226
Варзишгарони тоҷик дар зарфи беш аз 30 сол тавонистанд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, бо таърихсозии худ шарафи миллати тоҷикро баланд бардоранд. Дар баробари рушди дигар самтҳои соҳаи варзиш, футболи духтарона низ рӯ ба рушд буда, таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба ин навъи варзиш бештар гардидааст.
Зуҳро Бобомуродова яке аз он ҷавондухтаронест, ки ба хотири шомили дастаи футболи духтаронаи “Панҷшер” шудан ва расидан ба мақсад муассисаи таълимиашро иваз на-мудааст, то дар оянда футболбози хуб шуда, пар-чамбардори миллати тоҷик гардад. Аз хурдсолӣ орзуи футболбоз шуданро дар замираш мепар-варид. Ӯ талош мекард, то футболбози беҳтарин гардида, дар рушди футболи духтаронаи тоҷик саҳми назаррас гузорад. Меҳри бешумори бозии футбол Зуҳроро аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба МТМУ №26-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ овард, чунки дар ин муас-сиса дастаи футболи духтарона фаъолият менамуд. -Соли 2014 огоҳ шудам, ки дар МТМУ №26 дастаи футболи духтарона амал мекунад,- мегӯяд ӯ. -Баъдан тасмим гирифтам, ки ба ин муассиса рафта, таҳсиламро идома диҳаму шомили дастаи футболи духтарона шавам. Ҳангоме ки ба ин муассиса омадам, дастаро дар ҳолати машқу тамрин дарёфтам, боз шавқи бозии футбол дар дилам афзун гардида, барои расидан ба қуллаи мақсуди хеш аввалин қадами хешро гузоштам.
Аз ҳамон лаҳза шомили дастаи футболи духта-ронаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ гардида, дар назди мураббии даста Содиқҷон Исматов ба там-рин шуруъ намудам.
Зуҳробону хушҳол аз он аст, ки дар ин роҳи ин-тихобнамудааш касе монеъ нашудааст. Волидо-наш бошанд, барои дар ин ҷода ба муваффақият расиданаш дастгириҳои ҳамаҷонибаи хешро дареғ надоштанд.
Бо гузашти вақт Зуҳробону аз мураббиаш нозукиҳои ин навъи варзишро омӯхта, дар бозиҳо маҳорати хуб нишон медод. Чӣ тавре ки Нозанин Исматова, дарвозабони дастаи духтаронаи “Панҷшер”, мегӯяд: “Апаи Зуҳро бозингари беҳтарин мебошад. Дар ҳар бозӣ ба дарвозаи рақиб 4-5 тӯб ворид месозад».
Воқеан муваффақияти ҳар як даста аз маҳорати хуби бозингаронаш сарчашма мегирад. Тибқи маълумотҳо дастаи духтаронаи
“Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо маҳорати ба-ланди бозингаронашон дар давоми соли равон дар мунтахаби ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ на-муда, ба комёбиҳои назаррас ноил гарди-данд, Содиқҷон Исматов, мураббии дастаи духтаронаи “Панҷшер”-и Ҷ. Балхӣ, мегӯяд:
“Солҳои аввали таъсисёбии ин даста духтаракон ҳанӯз хурдсол буданд ва дар бозиҳо мағлуб мешуданд. Онҳо аз натиҷаи бозиҳо ашк мерехтанд ва бо худ мегуфтанд: «Чаро ба дарвозаи мо бисёр тӯб мезананд»? Онҳоро ором карда мегуфтам: «ҳаргиз руҳафтода нашавед, барои гол задан рӯзе навбати дастаи шумо ҳам мерасад.
Ба гузашти солҳо Зуҳробону ба ин даста шомил шуд, дар натиҷаи тамрину заҳматҳои бештар дастаи мо тавонист дар мусобиқаҳо иштирок намуда, ғолибият ба даст биёрад».
Соли 2024 мусобиқаи футзали бонувони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар миёни дастаҳои духтаронаи “Кӯлоб”- “Шаҳринав”, “Регар-ТадАЗ”, “Душанбе” “Бешкент”, “Ҳосилот” доир шуд. Дастаи духтаронаи “Панҷшер” дар ин бозиҳо маҳорати хуб нишон дода, аз ин минтақа сазовори ҷойи ав-вал дониста шуд. Даври дуюми ин бозиҳо
бо ду дастаи минтақаи Суғд сурат гирифт ки дастаи духтаронаи “Панҷшер” тавонист ҳардуи ин дастаҳоро мағлуб намуда, чемпиони футзали бонувони ҳабдаҳсола гарданд.
Воқеан, бо заҳмату талошҳои бонуво-ни варзишгари дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тавонистанд дар рушду нумӯи футболи духтаронаи тоҷик саҳми назарраси худро гузоранд.
Ҳоло бошад, Зуҳробону бо духтараконе, ки тоза ба футболи духтарона майлу рағбат доранд, машғулиятҳои ҷолиб гузаронида, пайваста аз нозукиҳои ин риштаи варзиш онҳоро огоҳ месозад.
Абдулло РИОЕВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...