Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва аҳли заҳмати ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ омадааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба як қатор пешравиҳо ноил гардидаанд.
Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1 миллиард 27 миллион сомонӣ ё ин ки 102,1 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта ташкил намуда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 7,7 фоиз ва соҳаи саноат 5,7 фоиз рост меояд.
Нақшаи андозҳои маҳаллӣ 30,9 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ба буҷет 31,1 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки 100,5 фоизро ташкил дода, аз нақша 153 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 19,1 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 103 фоизи нақшаро дар бар гирифта, андози иҷтимоии буҷетӣ 104 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 101 фоиз таъмин карда шудааст.
Бақияпулиҳои андозҳо 4,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали соли 2024 қарзи андозҳо дар маҷмуъ 121 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Дар ин давра маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 32,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба маблағи 65,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он 62,9 миллион сомонӣ ё ин ки 96 фоиз таъмин карда шуда, соҳаи идоракунӣ 95 фоиз, мудофиа 98,1 фоиз, ҳифзи ҳуқуқ 99,7 фоиз, маориф 96,2 фоиз, тандурустӣ 97,3 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 96,3 фоиз, коммуналӣ 98,4 фоиз, фарҳанг 86,5 фоиз, кишоварзӣ 98,4 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 100 фоиз ва ғайраҳо 52,3 фоиз маблағгузорӣ гардидаанд.
Талаботи моҳонаи 14315 нафақагири ноҳия 4,7 миллион сомониро ташкил намуда, ба ҳисоби миёна ба як нафақагир 321 сомонӣ рост омада, талаботи нимсолаи ав-вали соли ҷорӣ 28 миллион сомониро дар бар мегирад.
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия, инчунин бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша ба нобиноён, маъюбон, кӯдакони ятим, собиқадорони меҳнат, оилаҳои эҳтиёҷманд ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ 462 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Дар ин давра ҳамагӣ 6746 ҷойи кории нав, аз ҷумла мавсимӣ 1740 ҷой, муваққатӣ 5006 ҷой, аз он дар соҳаи кишоварзӣ 6026 ҷой ва сохтмон 720 ҷой таъсис дода шудааст, ки 79,2 фоизи нақшаро ташкил
медиҳад.
Дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 11,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ҷамъи маблағузории асосӣ 13,8 миллион сомонӣ, корҳои бинокорию васлгарӣ 10,8 миллион сомонӣ, фондҳои асосӣ ба маблағи 3,8 миллион сомониро ташкил намуда, дар масоҳати 2,8 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани 129 иншоот ва бо иншоотҳои иловагӣ 158 иншоот пешбинӣ гардида, то ин муддат 99 иншооти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар маҷмуъ 63 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Солҳои рушди саноат” дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 67,8 миллион сомонӣ ё ин ки 105,7 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ташкил намуда, 3,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаи истеҳсолию хизматрасонӣ пешбинӣ гардида, то ин муддат 5 корхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар ин самт корҳо бо маром ҷараён доранд.
Мувофиқи маълумотҳо, маблағи қувваи барқи ҳисобшуда 12,5 миллион сомониро ташкил намуда, пардохти он 10,2 миллион сомонӣ ё ин ки 81,4 фоизро дар бар мегирад. Аҳолии ноҳия ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода бурда, 5,3 миллион сомонӣ маблағ пардохт намудаанд, ки ин 92,3 фоизро ташкил медиҳад.
Бақияпулиҳои истифодабарии неруи барқ бо назардошти солҳои пешин 29,5 миллион сомонӣ, асосан аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ 17,8 миллион сомонӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 3,3 миллион сомонӣ, корхонаи обтаъминкунӣ 3,6 миллион сомониро дар бар гирифта, ҷиҳати марҳила ба марҳила кам кардани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоем.
Ҳаҷми гардиши савдои чакана ба маблағи 140,3 миллион сомонӣ, (107,1 фоиз) ва хизматрасонии пулакӣ 61,2 миллион сомонӣ, (103,2 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил медиҳад.
Кишоварзони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат намуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 728,9 миллион сомонӣ расонидаанд, ки 107,7 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаҳои растанипарварӣ 107,2 фоиз ва чорводорӣ 110,51 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил дода, 52,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 17776 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,4 фоиз ё ин ки 410 гектар зиёд мебошад.
Аз он ҷумла, ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бо ҷуворимакка) 4398 гектар, аз он ҷумла гандум 3659,8 гектар, ҷав 144 гектар, шолӣ 221 гектар, лӯбиёгиҳо 42 гектар, ҷуворимаккаи дон 331 гектар, зироати техникӣ 7816 гектар, аз ҷумла пахта 7532 гектар, картошка 757 гектар, сабзавот 2266 гектар, полезӣ 1004 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1535 гектарро дар бар мегиранд.
Ба ғайр аз ин, дар майдони 647 гектар кишти байни қаторҳо ва 6910 гектар, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3108 гектар ва бахши аҳолӣ 3802 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гуза-ронида шудааст.
Дар ин давра 19021 тонна ғалладонагӣ, 9326 тонна картошка, 59593 тонна сабзавот, 26624 тонна полезӣ, 8213 тонна мева, 965 тонна ангур, 8673 воҳиди хӯрока, 2427 тонна гӯшт, 7694 тонна шир, 1847 ҳазор дона тухм, пашм 171,6 тонна, пилла 17,3 тонна ва асал 12 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 5200 тонна тасдиқ гардида, дар ин давра 2470 тонна саб-завот (пиёз) ва 3071 тонна мева (зардолу, олу, гелос), ҷамъ 5541 тонна (106,6 фоиз) маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 60757 сар, аз ҷумла модагов 37056 сар, гӯсфанду буз 170462 сар, паранда 93880 сар ва асп 1410 сар нигоҳубин карда мешавад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 100,4 то 113,1 фоизро дар бар мегирад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон, ноболиғон, занон, оила, дин ва танзими ҷашну маросим тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон 2189 шаҳрванд, аз ин 1712 нафар тариқи хаттӣ ва 477 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуда, 1510 муроҷиати хаттии шаҳрвандон қонеъ карда, 216 муроҷиат барои баррасӣ ба масъулин ирсол карда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Мирзодавлат САБУРЗОДА,
раиси ноҳияи Қубодиён
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.