Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚУБОДИЁН. Ҷашни 35-солагии Истиқлолро истиқболи сазовор


ҚУБОДИЁН. Ҷашни 35-солагии Истиқлолро истиқболи сазовор




Имрӯз 6 августи соли 2024 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён нишасти хабарӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия М. САБУРЗОДА доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. 

Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1 миллиард 27 миллион сомонӣ, ё ин ки 102,1 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта ташкил намуда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ  7,7 фоиз ва соҳаи саноат 5,7 фоиз рост меояд, иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарӣ.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия, инчунин бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша ба нобиноён, маъюбон, кӯдакони ятим, собиқадорони меҳнат, оилаҳои эҳтиёҷманд ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ 462 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва моддӣ  расонида шудааст.

Дар ин давра ҳамагӣ 6746 ҷойи кории нав, аз ҷумла мавсимӣ 1740 ҷой, муваққатӣ 5006 ҷой, аз он дар соҳаи кишоварзӣ 6026 ҷой ва сохтмон 720 ҷой таъсис дода шудааст, ки 79,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани 129 иншоот ва бо иншоотҳои иловагӣ 158 иншоот пешбинӣ гардида, то ин муддат 99 иншооти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар маҷмуъ 63 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 67,8 миллион сомонӣ, ё ин ки 105,7 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ  ташкил намуда, 3,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ пешбинӣ гардида, то ин муддат 5 корхона мавриди истифода қарор дода шуда, дар ин самт корҳо бо маром ҷараён доранд.

Кишоварзони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат намуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 728,9 миллион сомонӣ расонидаанд, ки 107,7 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаҳои растанипарварӣ 107,2 фоиз ва чорводорӣ 110,51 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил дода, 52,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 17776 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,4 фоиз, ё ин ки 410 гектар зиёд мебошад.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода