Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЁВОН. Беш аз 108 ҳазор тонна семент содирот шудааст


ЁВОН. Беш аз 108 ҳазор тонна семент содирот шудааст




Дар нимаи аввали соли 2024 корхонаҳои сементбарории ноҳияи Ёвон 108 ҳазору 838 тонна семент ба хориҷи кишвар содирот  кардаанд. Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” ба миқдори 59 ҳазору 593 тонна ва аз корхонаи ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир семент” ба миқдори 49 ҳазору 245 тонна семент, дар маҷмуъ 108 ҳазору 838 тонна семент, ба маблағи 56 миллиону 327,8 ҳазор сомонӣ истеҳсол ва ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст. 

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон 5 коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии ҶДММ “Муҳаммад пласт” ва ҶДММ “Рустам пластик”, бомпӯшҳои оҳанини ҶДММ “Дидор сохтмон”, истеҳсоли хишти ҶДММ “Хиштҳои сабуки Ёвон” ва истеҳсоли мебели ҶДММ “Имрон мебел” бо шумораи умумии 20 ҷойи кории доимӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода