Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ТОҶИКИСТОН КОРҲОИ ЛОИҲАКАШИИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАН ТО МАРЗИ АФҒОНИСТОН ОҒОЗ ШУД


ДАР ТОҶИКИСТОН КОРҲОИ ЛОИҲАКАШИИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАН ТО МАРЗИ АФҒОНИСТОН ОҒОЗ ШУД



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Корея (КОIСА) дар бораи оғози гуфтушунидҳо ҷиҳати таҳияи заминаи техникиву иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ - Панҷи Поён” протокол ба имзо расониданд.

“Ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур роҳ ёфтан ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аст”, - изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Масофаи роҳи оҳан то марзи Афғонистон ҳудуди 51 километрро ташкил медиҳад. Дар ин роҳ сохтмони 28 пул ва 160 низоми обпарто пешбинӣ шудааст. Арзиши пешбинишудаи таҳияи он 4 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода