Давлаталӣ САИД: "ТАҚЛИДКОРУ БЕГОНАПАРАСТ НАБОШЕМ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 259
5 август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати кишвар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ гардида буд, таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва ба таври онлайнӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, раиси вилоят Давлаталӣ Саид вобаста ба масъалаҳои кишти такрорӣ, парвариши пахта (обмонӣ, озуқадиҳии сеюм, сарчинкунӣ), ҷамъоварии ҳосили кишти зироатҳои кишоварзӣ - ғалладонагиҳо, сабзавот, мева, полезиҳо, маҳсулоти ҷангал, захираи хӯроки чорво ва ба ҳисоботи оморӣ ворид кардани онҳо, пешниҳоди ченаки назоратии кишти пахта, таъмиру омода кардани корхонаҳои коркарди пахта ба қабули ҳосили пахтаи соли 2024, нақшаи дӯхти пиррҳанҳои мактабӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос дар шаҳру ноҳияҳо, таъмини босифати маҷмуи андозҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ ва табобати беморони сироятӣ, суръат бахшидани корҳо ва саривақт омода кардани иншоотҳои ҷашнӣ изҳори назар намуда, барои ҳаллу фасли мушкилоти дар самтҳои мазкур ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, таъкид намуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии тақлиду бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад.
Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида шавад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00