ДАР ТОҶИКИСТОН БА МАБЛАҒИ ЗИЁДА АЗ 133 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ГАЗИ МОЕЪ ХАРИДОРӢ ШУДААСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 356
Дар шаш моҳи имсол аз ҷониби 14 субъект ба ҷумҳурӣ 195,45 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 133 миллиону 100 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12 ҳазору 300 тонна кам ва нархи миёнаи воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба ҳисоби миёна 278 доллар ё ба андозаи 69 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷумҳурӣ 94,2 фоиз гази моеъ аз Қазоқистон, 4,2 фоиз аз Русия ва 1,6 фоиз аз Узбекистон аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Темур ойл» бо ҳиссаи 21,2 фоиз, «Аллат» 10 фоиз, «Октан сервис» 9,9 фоиз, «Ирис» 8,3 фоиз, «Газпромнефт Тоҷикистон» 8,1 фоиз, «Эмом импорт экспорт» 8 фоиз, «Баҳор» 6,5 фоиз, «Мабдаи Нур» 6,2 фоиз, «Каёнуш таъминот» 6 ва дигар субъектҳо 15,7 фоиз ворид шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...