Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СОАТМАНОРАИ ШАҲРИ БОХТАР ГИРИФТА МЕШАВАД?


СОАТМАНОРАИ ШАҲРИ БОХТАР ГИРИФТА МЕШАВАД?




Аз сабаби мушкилӣ пеш омадан дар вақти таъмир ва тоза кардани шишаҳои соатманораи маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар шояд он аз байн гирифта шавад. Дар ин хусус Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ таъмин гардидааст. Аз ҷумла, рушди соҳаҳои саноат ба андозаи 105,7 фоиз, кишоварзӣ 107 фоиз, савдо 138 фоиз, хизматрасонӣ 114 фоиз, сохтмон 130 фоиз ва алоқа 117 фоиз таъмин гардида, имкониятҳои мавҷуда хеле зиёданд.  

Дар давраи ҳисоботӣ 23 корхонаҳои нав таъсис дода шудааст, ки аз ин 9 адад дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 7 адад дар соҳаи сохтмонӣ, 3 адад дар соҳаи истеҳсолот, 2 адад дар соҳаи тандурустӣ, 1 адад дар соҳаи маориф ва 1 адад дар соҳаи алоқа мебошад.   

Нақшаи қисми даромади буҷет бошад, аз рӯи контингентӣ умумӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 136,7 млн. сомонии пешбинигардида 142,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 5,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода