Содироти 2060 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 185
Зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 623 миллиону 334,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 89 миллиону 227,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар ин давра аз тарафи кишоварзони ноҳия ба хориҷи кишвар 2060 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 620 тонна кам мебошад.
Гуфта шуд, ки айни замон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 54681 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 29114 сар гов, 122296 сар бӯзу гӯсфанд, 73682 сар парранда, 1950 сар асп мавҷуд мебошад, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидаанд.
Дар ин давра 1776 тонна гӯшт, 14931 тонна шир, 2 миллиону 834,1 ҳазор дона тухм, 248,1 тонна пашм, 4,0 тонна пилла, 9,5 тонна асал ва 16,8 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
А. Алишер "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...