Кӯшониён. Қисми хароҷоти буҷет 99,5% иҷро гардидааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 247
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 107,2% иҷро гардида, ба ҷойи 37 миллиону 748 ҳазору 830 сомонӣ дар нақшабуда, ба буҷет 40 миллиону 476 ҳазору 282 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 миллион сомонӣ зиёд буда, инчунин қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,4% таъмин гардид. Дар бораи Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 қарзи корхонаю ташкилотҳо, аз ҳисоби андозҳо (бо дар назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 14 миллиону 106 ҳазору 839 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,78 миллион сомонӣ кам гардида, дар давраи ҳисоботи бақияпулиҳои андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ пурра бартараф карда шуд.
Қисми хароҷоти буҷет бошад, 99,5% иҷро гардида, ба ҷойи 85 миллиону 157 ҳазор сомонии дар нақшабуда 84 миллиону 725 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот шуда, дар ҳама соҳаҳо буҷетӣ музди меҳнати кормандон бо нафақаи нафақахӯрон пардохт карда шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...