Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КӮЛОБ. СОХТМОНИ БОЗ ДУ КОРХОНА ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ


КӮЛОБ. СОХТМОНИ БОЗ ДУ КОРХОНА ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ



Зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр аз бурду бохти шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб” бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар майдони 309 га таъсис дода шудааст. 

авоӣ ва равғанӣ барои автомашинаҳо аз ҷониби ҶДММ "Тоҷик алмос" мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷониби ҶДММ "Кӯлоб агросаноат" бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди намак бо иқтидори 5 ҳазор тонна, истеҳсоли равғани растанӣ-150 тонна ва набот-60 тонна дар як сол корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамзамон аз ҷониби ЧДММ "Кӯлоб Пласт" сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз пластмасса оғоз гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард"-и шаҳр 6 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро  тахту ҳамвор намуда, 30 километр роҳҳоро таъмири ҷорӣ намуд. Дар ин давра роҳҳои дохилишаҳрӣ дар масофаи 10 километр таъмири ҷорӣ карда шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард 18 аломати роҳ насб карда шуданд.

Ҳамзамон Назарзода Бахтиёр зикр дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 494 иншооти соҳаҳои гуногун пешбинӣ шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2024 203 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 41,0 фоизро ташкил медиҳад.

А. Алишер "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода