Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 242
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Бештар ба оромгоҳҳои шахсиятҳои бузурги таърихиву ирфонӣ шуҳрат дорад. Аз ҷумла, Оромгоҳи Домулло Баҳодур, мазори Абумус-лим, (мансуб ба Абумуслими Хуросонӣ), Пири Олуча, Имом Алии Аскарӣ, Девдори Сабз, Ша-рофуддини Валӣ, Искӯлоб (шаҳри қадимаи Кӯлоб бо ин ном ёд мешавад), Санги Чил, Ҳоҷӣ Раҳматулло, Ёримуҳаммади Валӣ, Бобо Қамбар, Бибӣ Гулрез, Хоҷаи Ҷанмард, Шайх Муҳаммадамони Валӣ, Хоҷа Равшаноӣ, Хоҷа Абдусалом, Хоҷаи Сабзпӯш, Пири Кулол, Пири Зангиён, Хоҷамакияҳи Валӣ, Пири Дарёбанд, Эшони Домулло, Домулло Мӯсо, Бибӣ Соила, Шайхи Марванда, Робиямоҳи Чилгазамӯ, Домулло Файзӣ, Бобошои Валӣ, Хоҷаи Душанбе ва Имом Ҷаъфари Содиқ.
Инчунин, Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷойгир аст. Ин мамнуъгоҳ барои муҳофизат ва нигаҳдории шумори охирини комил ва қобилиятноки бузи печшози Морхӯр ва бузи ёвоии осиёимиёнагӣ дар Осиёи Миёна ташкил карда шудааст.
Минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз талу пуштаҳои хушманзари ҷангалӣ ва дар баъзе ҷойҳо аз кӯҳҳо иборатанд. Сифатҳои аз ҳама беш хосса ва бештар ифодаёфтаи ин минтақа ин гуногунияти олами наботот ва ҳайвонот ва манзараи беҳамтояш мебошад.
Мақбараи Имом Ҷаъфари Содиқ ёдгории таърихию меъмории асри VIII буда, дар наз-дикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болода-раи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ гардидааст. Мақбараи Имом Ҷаъфари Содиқ иншооти росткунҷа буда, аз хишти пухта бино гардидааст. Имом Ҷаъфари Содиқ яке аз пайвандони пайғамбари дини мубини Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад.
Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки Ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. Мақбара аз се ҳуҷраи мураббаъ-зиёратхонаҳо ва гӯрхона иборат аст, дар ду тарафи гӯрхона, ки зиёратхонаҳо мавҷуд аст, барои намозгузорӣ истифода мешавад. Аз қисмати ҷанубии мақбара сеҳуҷраи гунбаздор бо даромадгоҳҳои гӯрхона пайваст мебошанд.
Даромадгоҳи мақбара равоқӣ буда, аз як силсила тоқҳои бо нақшу нигор ороёфта иборат мебошад. Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ аз қабр, зиёратгоҳ ва айвон иборат аст. Тахмин меравад, ки ин қисматҳои онҳо дар асрҳои XIVXV сохта шудаанд.
Комрон Расулзода,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи носири Хусрав
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00