ХАТЛОН - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 237
НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Қалъаи Мир (асрҳои ХVI-XIX), Қалъаи Чорбоғ (асри миёна), Қалъаи Тӯпхона (асри 1-и пеш аз мелод), Қалъаи Дектур (асри XVll-XlX), мавзеъҳои “Чаноро”, “Чавгонӣ”, “Додӣ”, оромгоҳҳои ҳазрати шоҳи Аккоша, Искандар, Хинчи Парвоз, Санги сабз, Соҳиб Шоҳбақои Туморӣ, Шоҳ Неъматуллои Заробӣ, Хоҷа Қутбиддин вуҷуд доранд, ки гувоҳи таърихи бостонии Балҷувон ба ҳисоб мераванд.
Қалъаи Мири Балҷувон дар теппае дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Мувофиқи тавсифи саёҳони аввали асри ХХ, дар як нимҷазира қалъа ва дар дигараш ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ мавҷуд буданд. Бостоншиносон қалъаро ба охири асри XIX – аввали асри XX мансуб медонанд.
Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ шакли росткунҷа дорад ва аз сафолҳои чоркунҷаи сӯхта сохта шудааст. Айни замон дохили он андова карда шудааст. Портали арки он шакли камон дошта, таносуби қатъӣ дорад. Деворҳои паҳлӯ ба се равоқ тақсим карда шудаанд, ки дар маркази онҳо тирезаҳои лансетӣ ҷойгиранд. Даромадгоҳи мазор аз равоқҳои ҷиддан таносубдор иборат аст.
Дар атрофи мазор дар майдони 50х70 м боғи дорои чинорҳои кӯҳансол воқеъ мебошад.
Дар қаламрави ноҳия, инчунин манбаъҳои фаровони об ва дигар неъматҳои бебаҳои табиӣ, аз ҷумла 200 чашмаи шифобахш, шаршараҳои Пушти Боғи Камолӣ, Сафедоб, обҳои шифобах-ши «Гӯгирд», «Қалъача», «Булғурӣ», «Шулук», чашмаи «Касхоҳ», «Ҳибил», рӯдҳои Сурхоб, Оби
Мазор, Оби Тира, Дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шин-гидара, Гандара, Шибдара, дар маҷмӯъ, намудҳои нодири ҳайвонот, растаниҳои доруворӣ ва навъҳои азимҷуссаи да-рахтони «Шинг» дар деҳаи Шингидара ва чанори ҷувоздор дар деҳаи Даштарҳо мавҷуданд, ки нишондиҳандаи табиати воқеан зебову афсонавии Балҷувон ва деҳоти он мебошад.
Диққати сайёҳони хориҷирометавонад табиати зебою афсонавии мавзеи Сари Хосор ба худ ҷалб мекунад. Боғи табиии Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 3805 гектар дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ таъсис дода шуд.
Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст. Шаршара аз баландии 50-57 м ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирду атроф пош медиҳад.
Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шуои офтоб бо тамоми рангҳои тирукамон ба ҷилва меояд.
Инчунин, сайёҳон метавонанд аз имкониятҳои дигар, ба монанди Оби гӯгирд, ки дар наздикии Шаршара ҷойгир аст, истифода бурда, аз тамошои мавзеъҳои табиии Дашти Ан-гора, Мулоконӣ, Дашти Шуро, Санги Сабз ва Санги Кулула ҳаловат баранд.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛЗОДА,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Рӯзномаи "Хатлон" №46 (3567)-23 июли соли 2024,
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...