ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 441
10 июл, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ сохтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш менамоянд.
- Соли сипаригардида бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди Хатлонзамин ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Тавре аз таҳлилҳои соҳаҳои мухталиф бар меояд, дар баробари муваффақиятҳои ба дастомада дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт масъалаҳои ҳалношуда ва захираҳои зиёди истифоданагардида низ ҷой доранд, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
- Боварии комил дорем, ки мо фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, инчунин амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Қурбонзода Амирхон оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд.
Дар идома муовини раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ суханронӣ намуданд.
Инчунин, раиси Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба раванди корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва тозасозии партобҳо дар ҳудуди вилоят суханронӣ намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Далаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.
Дар вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...