Кӯдакони Хатлон чигуна ва дар куҷо истироҳат доранд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 293
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2024, №99 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, ташкили истироҳати кӯдакон дар лагерҳои томактабӣ, наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ба салоҳияти Шурои иттифоқҳои касаба ташкили истироҳати беруназшаҳрӣ рост меояд.
-Дар ҳудуду вилояти Хатлон ду лагер - “Офтобак”-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Норак ва “Шарора”-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб имрӯз фаъолияти пурсамар доранд, - иброз дошт раиси Шурои иттифоқҳои ка-сабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода.
Тибқи иттилои номбурда, дар лагери “Офтобак” басти якум ба анҷом расида, ҳоло басти дуюм бо маром идома дорад. Дар басти дуюми “Офтобак” аз ҳисоби Шурои иттифоқҳои касаба 40 нафар ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Норак 30 нафар кӯдакон ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.
Истироҳатгоҳи “Шарора” дар яке аз минтақаҳои зебоманзари ноҳияи Муъминобод ҷойгир буда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик басти якуми он оғоз ёбад. Ба басти якуми истироҳатгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ 30 ҳазору 600 сомонӣ барои истироҳати 51 нафар кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст. Боқимонда кӯдакон аз ҳисоби падару модарон ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҷалб карда мешаванд.
-Барои наврасону кӯдакони вилояти Хатлон дар асоси ҳамкориҳои судманд, мо истироҳату фароғати онҳоро берун аз вилоят низ ташкил намудаем. Масалан, ба лагери “Ширкент”-и назди корхонаи алюминбарории шаҳри Турсунзода шартнома баста, дар басти якум 100 нафар, дар басти дуюм 40 нафар ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин 120 нафар кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ба лагери “Обшорон”-и ноҳияи Варзоб, фарзандони кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят дар лагери “Файзи Истиқлол”-и ноҳияи Варзоб 129 нафар дар ду баст ба истироҳат фаро гирифтем, - гуфт Абдурозиқ Ризозода.
Ятимону бепарасторон, кӯдакони оилаҳои камбизоат таҳти назорат, парасторӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар баробари дигар наврасону кӯдакон онҳо низ ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта шуданд. Имсол дар асоси дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Ҷалолиддин Балхӣ, Вахш, Шамсиддин Шоҳин ва ғайра ба кумитаҳои иттифоқҳои асабаи ҷумҳуриявӣ вобаста шудаанд, ки кӯдакон бо навбат ба истироҳату фароғат дар истироҳатгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Варзоб ва дараи Ромит ҷалб мегарданд.
Вобаста ба чӣ тавр ҷалб намудани наврасону кӯдакон ба истироҳат кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда мешавад, раиси Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ри-зозода чунин шаҳр дод: “Ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳо асосан ба муҳлати 12 рӯз аз ҷониби Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи соҳавӣ сурат мегирад.
Барои ба истироҳат фаро гирифтани кӯдакон маълумотномаи духтур, пешниҳоди муассисаи таълимӣ, нусхаи шаҳодатномаи таваллуд, розигии волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда талаб карда мешавад. Бо худ гирифтани чанд ҷуфт либос, лавозимоти гигиенаи шахсӣ ҳатмӣ мебошад. Ба хонандагони фаъолу аълохон, иштирок-чиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо, кӯдакони оилаҳои камбизоат бартарӣ дода мешавад”.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо ҳар як лагер пеш аз он, ки ба фаъолият шуруъ намояд, аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ ва ғайра санҷида шуда, дар ҳолати ба талабот мувофиқ будан, пас онҳо кӯдаконро қабул мекунанд.
Ҳар як лагеру истироҳатгоҳ ба худ нақша корӣ дошта, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифативу омӯзишӣ, варзишиву солимгардонӣ ташкил гардида, ба кӯдакон дар як рӯз чор маротиба хурок долда мешавад.
Вобаста ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ бошад, онҳо асосан аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ то нисфирӯзӣ фаъолият намуда, 1 маротиба хӯрок дода мешавад. То нисфирӯзӣ онҳо ба чорабиниҳои гуногун ҷалб карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимие, ки им-конияти васеъ доранд, метавонанд, лагерҳоро то бегоҳӣ таш-кил кунанд.
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солимгардонӣ ва истироҳатро барои тамоми шаҳрвандон, кормандон ва оилаи онҳоро дар кишвар кафолат додааст. Истироҳат аз чӣ сарчашма мегирад? Аз маблағҳои 25% ба суғуртаи иҷтимоӣ баргардонида, аз ҳамин ҳисоб 1,5% барои истироҳат равона карда мешавад. Ба ин маблағ истироҳати кормандон ва оилаи онҳо дохил мешавад. Агар маблағ кофӣ бошад, ташкилот метавонад, онҳоро ба истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо фи-ристода, хӯроки нисфирӯзӣ диҳад, ба саёҳат барад ва аз дигар имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода баранд, - мегӯяд А. Ризозода.
-Шурои Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар оянда кӯшиш мекунад, ки барои ба истироҳату фароғат фаро гирифтани кӯдакону наврасон, тамоми кормандони ҳудуди вилоят дар асоси салоҳиятҳои худ имкониятҳоро васеъ истифода барад, - гуфт Абдурозиқ Ризозода.
Т. ТОЛИБЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00