Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Аз боғча ба мактаб» чоп шуд


«Аз боғча ба мактаб» чоп шуд




“Аз боғча ба мактаб”, таҳти ин унвон маҷмуаи нави шеърҳои Кароматулло Садиров рӯи чоп омад.

Муаллифи пешгуфтор ва муҳаррири масъули китоб Раҷабалӣ Худоёрзода буда, муҳаррирони он Сафар Амирхон ва Чӯпон Бадали Ванҷӣ мебошанд.

Китоб ба баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои баланди миллӣ, ҳамчунин дар тарбияи ахлоқии кӯдакон замина хоҳад гузошт. Маҷмуа ба тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавсия дода шудааст.

Муаллифи маҷмуаи мазкур Кароматулло Садиров 21 – уми июли соли 1996 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дунё омадаааст. Айни замон дар шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамчунин яке аз довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.

Намунаҳои ашъори Кароматулло Садиров тавассути маҷмуаҳои “Атри гулҳои ҷавон”, “Ҳамсолони Истиқлол” ва “Килки сабз” дастраси хонандагон шудааст. Маҷмуаи аввалини шеърҳояш соли 2016 бо номи “Атри гули сухан” ва ки- тоби навбатиаш дар соли 2022 “Муҳаббати беназир” чоп шуда буд.

Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода