ЁВОН. БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИН БО УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 265
Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва Нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо усули "Деҳа ба деҳа” дар кӯчаву маҳаллаҳо байни наврасону ҷавонон ва сокинони деҳаҳо баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 128 – нафар ҷавонони ноҳия иштирок ва қуваозмоӣ намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки варзиш ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ, матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошад, ки баҳри таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон, зери ҳидояту дастгириҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд ёфта истодааст.
Гуфта шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳарии Тоҷикистон бо мақсади рушди ин намуди варзиш дар дохили кишвар механизмҳоеро амалӣ намудааст, ки ҷавононро ба Гуштингирӣ ҷалб менамояд.
Таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзиширо байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ намудааст, ки барои рушд ва дарёфти чеҳраҳои нави ин намуди варзиш мусоидат мекунад.
Пас аз қисмати ифтитоҳии мусобиқа ҷавонон миёни ҳам қуваозмоӣ намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ намудани варзиш диплому сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00