Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САВДОИ КӮЧАГӢ БАРҲАМ ДОДА МЕШАВАД


САВДОИ КӮЧАГӢ БАРҲАМ ДОДА МЕШАВАД




Дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муддатест, ки мардум худсарона роҳҳои пиёдагардро банд карда, ба савдои кӯчагӣ машғул буданд. Роҳбарияти Шуъбаи ВКД дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки пеши роҳи савдои кӯчагиро гирифта, пиёдароҳҳоро озод намоянд.

Бахши матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки барои озод кардани пиёдараҳа аз савдои кӯчагӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, атрофи бозори марказӣ ва дигар кӯчаҳо корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Зимни чорабиниҳои мақсаднок муайян карда шуд, ки баъзе аз сокинон худсарона дар пиёдараҳа нуқтаи фурӯш ташкил карда буданд, ки барои рафтуомади пиёдагардон монеа эҷод мекарданд. Дар натиҷа нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамзамон кормандони шуъбачаи БДА дар ноҳияи мазкур нисбати ронандагон, ки бо таваққуфи нодурусти автомашинаҳо дар қатори дуюму сеюми роҳ гузошта, омили тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва боиси ба вуҷуд омадани бенизомӣ дар роҳҳо мегардиданд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, чорабиниҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ идома дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода