ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ТИРГОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 431
Ҷашни Тиргон дар баробари идҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба суннатҳои таърихӣ эҳё гардида, мардуми шарафманди тоҷик бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ онро бо ифтихор таҷлил менамояд.
Имрӯз да муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" доир гардид, ки дар он заҳматкашон, деҳқонон ва фаъолони вилояти Хатлон низ иштирок доштанд.
Вилояти Хатлон ба сокинон ва меҳмонони шахри Душанбе ҳунарҳои мардумӣ, меваҳои шаҳдбор, хушкмеваҳои дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард карда шуда, навъҳои нону шириниҳо ва дигар дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуда, ба а онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, дар назди ҳозирин ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба қироат намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Иди Тиргон табрик гуфт.
Дар интиҳои чорабинӣ намоишҳо баҳогузорӣ шуда, вилояти Хатлон барои иштироки фаъолона дар баргузории ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон", саҳмгузорӣ дар тарғиби мероси ниёгон, рушди боғпарварӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти зардолу, тақвияти дастовардҳои илмию инноватсионии технологияҳо парвариши зироатҳои ғалладонгиҳо, усулҳои обёрӣ ва истифодаи самараноки замин бо Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ ҳунармандон кишвар пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...