Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ВА БАЛҶУВОН


ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ВА БАЛҶУВОН




Имрӯз, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ва Балҷувон қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор намуда, бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Сокинон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо,  расонидани кӯмак барои табобати фарзанд, расондани кӯмаки молиявӣ, кӯмаки молиявӣ ва ғизоӣ ба оилаҳое, ки фарзандони маълул доранд, нарасидани оби полезӣ, насби симчӯбҳо барои интиқоли барқ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ аз саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳияҳо дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ёдовар шуданд.

Ҳамзамон Давлаталӣ Саид оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад.

Дар поёни вохӯрии мазкур раиси вилоят оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, тайёрии пурраи муассисаҳои тандурустиву маориф баҳри хизматрасонӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба раисони ноҳия ва масъулони ҳукумат дастуру супориш дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода