Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Чуноне ки аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 28 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон Файсал Карим Кундӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмононро барои ташрифашон ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломободро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди иқтисоди миллии ду давлат муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки мо бо муносибатҳои дустӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Покистон, ки бар усули ҳусни эҳтироми якдигар асос ёфтаанд, аҳамияти хосса медиҳем ва умедворем, ки дар оянда ду минтақаи мо бо ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок густариш меёбад.
- Вилояти Хатлон, ки аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ бо Покистон назик аст, метавонад аз ҳамкорию муносибати тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Покистон хубтар баҳравар гардад. Мо, омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбадаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем, - иброз доштанд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба густариши муносибатҳои дӯстона дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, ташкили гуруҳҳои корӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи саёҳию ҷаҳонгардӣ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ин мулоқот буд.
Файсал Карим Кундӣ - Губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон барои пазироии гарм ва самимӣ минатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки мо дар гузашта дӯст ва наздик будем ва дар оянда аз ин ҳам наздиктар хоҳем шуд.
Файсал Карим бо хушнудӣ аз парвози мустақим, ки 27 июн байни Исломобод ва Душанбе сурат гирифт, ёдовар шуданд. Бо фароҳам овардани шароити созгор барои сармоягузорӣ, тиҷорат ва саёҳӣ натанҳо байни Исломободу Душанбе, балки ба роҳ мондан байни дигар фурудгоҳҳои байналмилалии ҳар ду кишварро ба мақсад мувофиу донистанд.
- Мо дар ин сафарамон ба Тоҷикистон аллкай аз минтақаҳои тамошобоб ва манзараҳои дилфиреби кишвари сабзу офтобии шумо маълумот пайдо кардаву ошно шудем. Ҳамасола аз Покистон ҳазорон нафар ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркияву Озарбойҷон барои тамошо ва истироҳат сафар мекунанд. Маконҳои дилфиреб ва нотакрори кишвари Тоҷикистон аз он кишварҳо камӣ надорад. Мо бо қаноатмандӣ гуфта мешавонем, ки дар оянда бо равобити густурда садҳо нафар аз гӯшаву канори Покистон ба Тоҷикистон барои сайру саёҳат ташриф хоҳанд овард, - афзуд Файсал Карим.
Меҳмонон ҳамчунин ба энергияи сабзи Тоҷикстон ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи вилояти Хатлон мароқ зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки мо ҳанӯз ҳам ба энергияи сабз ниёз дорем дар оянда бо сармоягузориҳо дар соҳаи энергетика метавон ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим равнақ бахшид. Бо тағийрёбии иқлим ва паёмадҳои хушксолӣ ниёзи мо ба маҳсулоти кишоварзӣ бештар шудааст. Бо дастгирии соҳибкорон метавон маҳсулоти зарурии кишоварзиро аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Покистон бештар ба роҳ монем.
Файсал Салмон бо итминон иброз доштанд, ки мо имкониятҳоеро, ки меҷӯстем, дар вилояти Хатлон дарёфтем ва омодаем, ки дар самти иқтисодӣ, кишоварзӣ, саёҳию сармоягузорӣ равобитро равобитро густариш диҳем.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки вилояти Хатлон беш аз 50 дарсади маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро таъмин мекунад ва пахта низ бештар дар шаҳру ноҳияҳои он кишт карда мешавад. Аз ин рӯ, метавон барои коркарди ашёи хом дар вилоят ва содироти он ба хориҷи кишвар бо дасгирии сармоягузорон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҷонибҳо дар оянда ташкили гурӯҳҳои кориро барои аз бар кардани таҷрибаи якдигар дар ҳама самтҳо ва иштироки сармоягузорону соҳибкорон дар форумҳои сатҳи байналмилалиро ба мақсад мувофиқ донистанд.
Файсал Карим Кундӣ - Губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон пас аз мулоқот бо раиси вилоят дар толори Сарраёсати молияи вилоят бо соҳибкорон суҳбат намуда, баъдан аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғпарварӣ ва маконҳои тамошобоби шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид намуданд.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.