Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ш. ШОҲИН. ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВИИ НОК ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”


Ш. ШОҲИН. ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВИИ НОК ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”




28 июн, дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти нашъунамои боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии "Бобои Шамс" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Илҳом» дорои 30 гектар заминҳои корами обӣ буда, дар соли ҷорӣ дар 17 гектар пунбадона, 2,5 гектар пиёз, 2 гектар полезӣ, 1,5 гектар боғ, 5 гектар гандум ва 2 гектар хӯроки чорво (юнучқа) кишт намудааст. Айни замон ҳосили пиёз омода шудааст.

Масоҳати умумии боғи интенсивӣ 1 га ташкил намуда, дар ин майдон 2200 дона ниҳоли нок шинонида шудааст. Хоҷагидор Назаров Мирмад дар қатори ниҳолҳо дар майдони 0,4га кишти картошка, 0,3га кишти помидор, 0,3 га зироатҳои полезӣ: бодринг ва каду кишт намудааст. Айни замон нашъунамои боғ ва зироатҳо бо қоидаҳои агротехникӣ мутобиқ коркард карда шудааст. Маблағи умумии бунёд ва коркарди боғ 135 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкор Назаров Мирмад, сокини деҳаи Себдара, ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳия бунёд гардидааст. Дар боғи мазкур 8 нафар саҳмдорони хоҷагӣ ба кори мавсимӣ ҷалб гардидаанд.

Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагӣ номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт карда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо деҳқонон суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода