Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ РАИС БА НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МЕҲМОНХОНА


ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ РАИС БА НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МЕҲМОНХОНА




Санаи 28.06.2024 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Ш. Шоҳин ташриф овард. Раиси вилоят нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои маркази хизматрасонӣ (меҳмонхона) иштирок намуд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маркази хизматрасонӣ (меҳмонхона) иборат аз ду ошёна дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 2022 оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Бино дар маркази Ҷамоати деҳоти Шӯрообод ҷойгир мебошад.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми бино ошхона дар ошёнаи дуюм бошад, меҳмонхона барои 12 ҷой муҳайё карда шудааст.

Маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 308 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкор Гулмадов Гулмад, сокини деҳаи Шӯроободи Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳия маблағгузорӣ гардидааст. Дар сохтмони бино 8 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб гардида, маоши онҳо вобаста ба корҳои ба анҷомрасонидашуда то 3800 сомониро ташкил медиҳад.

Бо ба истифода додани бинои мазкур 4 нафар сокини ноҳия ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода