Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР


ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР




Имрӯз, 26 июн, дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ду майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, майдончаҳо барои истироҳати кӯдакону калонсолон ба истифода дода шуд. 

Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар ҳайати ҳамроҳ иштирок карданд.

Майдончаҳои варзишӣ ва дигар шароити муҳайёнамуда аз ҷониби  Раёсати андози вилояти Хатлон ва Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар доираи ҷашни таърихи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ду маҳаллаи шаҳри Бохтар сохта, ба истифода дода шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин ташаббус аз ҷониби раиси вилояти Хатлон амалӣ гашта, то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 30 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи шаҳри Бохтар аз ҷониби ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз се ададаш сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода