Тарғибгари сулҳ ва ваҳдат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 201
Асоси ба вуҷуд омадани ғояи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввалини интихоби Роҳбари давлат сарчашма мегирад. Ғояи Ваҳдати миллӣ ҳам бо шаклу рисолат ва моҳияташ нодиртарин рӯйдоди таърихи навини Тоҷикистон мебошад.
Хушбахтона, ташкилёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро тамоми рӯшанфикрону зиёиёни кишвар ҷонибдорӣ намуда, дар амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои он саҳми назаррас гузоштаанд.
Аҳмадҷон Ализода, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз зумраи чунин шахсиятҳое мебошад, ки аввалин роҳбари Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб гардида, дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон саҳми хосса дорад.
Ваҳдати миллӣ, ин андешаи бузург, ки минбаъд ба ғояи пешрафти ҷомеа, ба суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон табдил ёфт, аз шоҳгуфторҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Сарвари давлат зимни нахустин баромадашон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда буданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам, то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, худро осуда ҳис намекунам”.
Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дили мухолифонро ба сулҳу бозгашт ба Ватан гарм созанд.
Вақте Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, Сарвари давлат зарурияти таъсиси як ҳаракат ё созмони миллиро ба миён гузоштанд. Дар амалӣ намудани шартҳои созишнома ва тарғибу таъмини сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон он бояд таъсиргузор бошад.
Аҳмадҷон Ализода, яке аз шахсони намоёни вилояти Хатлон, ҳамон лаҳзаҳои ваҳдатофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуда мегӯяд: “Бо дастури Президенти кишвар Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд аз ячейкаи ибтидоӣ таъсис дода мешуд. Ин ташаббусро фаъолони вилояти Хатлон дастгирӣ намуда, 16 июли соли 1997 дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) ҷамъ омада, ҷаласаи Шурои муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон баргузор намуданд. Он шабу рӯз бинои мақомотро силоҳбадастон ғасб намуда буданд.
Шахсиятҳое дар толор ҷамъ омода буданд, ба хотири дастгирии сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ҷони худро дареғ намедоштанд. Дар ин ҷода Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки моҳи июли соли 1997 бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани ҳадафҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, саҳми назаррас дорад”.
Воқеан, дар он шабу рӯз ташкил ва ба роҳ мондани чунин як иқдом кори саривақтӣ дониста мешуд, чунки ба хотири ба эътидол овардани вазъи онрӯза ва фаҳмонидани моҳияти ваҳдатофарӣ миёни мардум нақши созгор мебозид.
-Баъди ду рӯз дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе Анҷумани аввалини Ҳаракат баргузор гардид. Дар он бо пешниҳоди намояндагони вилояти мо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раис интихоб шуданд. Хушбахтона, то имрӯз ҳамаи он ҳадафу мароме, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дошт, пай дар пай бо дастгирӣ ва талошҳои хастанопазири мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Ҳамин тавр, дар ҷаласаи нахустини Шурои муассисон маро роҳбар, Турсуной Алимардонова ва Саид Салимовро ба ҳайси муовини раис ва Маҳмадраҷаб Холовро ба ҳайси котиби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб намуданд, – ба ёд меорад рӯзҳои нахустини таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро Аҳмадҷон Ализода.
Баъди Анҷумани аввалин, фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо шумули адибону сиёсатмадорону таърихшиносон ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, бо мардум ва сокинони осоишта атрофи моҳияти сулҳу осоиштагӣ суҳбату вохӯриҳо доир менамуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз ҳам Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон яке аз ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят ба шумор рафта, дар тарғиби сиёсати сулҳпарварона ва раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби арзишҳои миллӣ, мустаҳкам намудани дӯстиву якдигарфаҳмӣ миёни сокинони кишвар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ғайра саҳми назаррас гузошта истодааст.
А. РИОЕВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00