ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 376
ИҚТИБОСҲО АЗ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ
9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир ба татбиқи қонунҳои марбут ба танзиму анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд изҳори назар намуда, аҳли ҷомеаи мамлакатро ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳои мазкур даъват намуданд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро афзалият гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дошта, шукргузорӣ кунем. Ин ҷо иқтибосҳоро аз ин суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меорем, ки бояд дар фаъолияти ҳамарӯза дар меҳвари андеша ҷой дода, мавриди иҷро қарор диҳем.
Ба шарофати рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти халқамон, яъне истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.
***
Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми мамлакат дастрас намоем.
***
Мардуми мо, ҳамчунин имкон пайдо намуданд, ки расму оинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
***
Дар соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид.
***
Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.
***
Худованд дар сураи Тавба, ояти 60-ум мефармояд, ки «ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад (яъне шахсони бемору нотавон) ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон ва он ҳукми собитшуда аз назди Худо аст».
***
Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони ҷумҳурӣ мавҷуд бошад.
***
Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд.
***
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
***
Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.
***
Имрӯз мо озод ҳастем – тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ.
***
Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони ҷумҳурӣ эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.
***
Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.
***
Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад.
***
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар шароити вазнини буҳрони «илми ҳадис» аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз байни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст.
***
Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд.
***
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.
Маснавии маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
***
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.
***
«Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем.
Ман яке аз шоҳидони зинда дар толори парламенти ҳамонвақта будам.
Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад.
***
Ман ба нангу номус, ақлу заковат, неруи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00