Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХИ Н.ЁВОН


ИФТИТОҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СИТОРАИ СУРХИ Н.ЁВОН




Дар ноҳияи Ёвон Фестивали ҷавонон бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,   ва ҷавонони фаъол доир гардид. 

Дар доираи барномаи омода намудаи Фестивал дар Ҷамоати деҳоти Ситораи сурхи деҳаи Рӯдакии ноҳияи Ёвон  маросими ифтитоҳи пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар  маросими ифтитоҳи пояи Парчами давлатӣ меҳмонон ва ҷавонон ширкати фаъолона намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи парчами давлатӣ 30 метрро дар бар гирифта, аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту худогоҳи деҳаи ноибурда ба мақсади арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ сохта шудааст. Инчунин дар назди пояи Парчами давлатӣ гулгашт бо насби аксҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароғати сокинони  деҳаи мазкур бунёд  карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода