Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 40 ҲОЛАТИ ҒАРҚШАВӢ ДАР 5 МОҲУ 20 РӮЗ


40 ҲОЛАТИ ҒАРҚШАВӢ ДАР 5 МОҲУ 20 РӮЗ




Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, давоми 5 моҳу 20 рӯзи соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон 40 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки 17 нафарашон ноболиғон, 12 нафар хурдсолони то синни мактабӣ ва 11 нафар мебошанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ, шуруъ аз 20 июн дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти рамзӣ бо номи «Наҷот» роҳандозӣ карда шуд. 

Дар доираи амалиёти «Наҷот» кормандони милитсия ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнуъ сафарбар шуда, маҷмуи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд. 

Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво дар қаламрави кишвар хеле гарм аст. Дар ин мавсим аксари мардум талош мекунанд, ки дар соҳили дарёҳо истироҳату оббозӣ кунанд. Аммо ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. 

Ғарқшавии одамон, махсусан дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ манъ аст ба амал меоянд. 
Дар баробари ин, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғиботро ҷоннок намуда, ҷиҳати пешгирии ғарқшавии ноболиғон ва ҷавонон дар фасли тобистон аз болои фарзандони худ назоратро пурзур намоянд.

Истироҳату фароғат дар назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷомад. Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунед ва дар ҷойҳои манъшуда ба об надароед!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода