Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқотҳои судманд


Мулоқотҳои судманд




Дар қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки намояндагони Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва афсарону сарбозон мулоқоти судманд доир гардид.

Мулоқотро раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Ҳамзазода ифтитоҳ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ баромад кард.

-Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия ва қабул намудаанд. Дар идомаи ин кору иқдомот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад, - изҳор дошт Ҳ. Ҳамзазода.

Дар идомаи мулоқот баромадкунандагон доир ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва ғайра баррасӣ гардид.

Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубош дар қисмҳои ҳарбӣ рӯз ба рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.

Чунин вохӯрӣ бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 87740-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, низ доир гардид.

Толиб ТОЛИБЗод А, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода