ВОСЕЪ. РОҲҲОИ МАҲАЛЛИ МУМФАРШ МЕШАВАНД.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 230
Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар баробари сохта ба истифода супоридани иншооти ниёзи мардум ба бунёду азнавсозии роҳҳо камари ҳиммат бастаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо ташаббус ва ибтикори соҳибкорон ва сокинони ҷамоати мазкур мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дорад, ки ин мушкилоти сокинонро осон мегардонад.
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи техникаҳои Идораи роҳсозии ҷалб карда шуда, дастрасии нисбатан арзони масолеҳи роҳсозӣ таъмин карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинон дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони маҳалли бароҳ монда шудааст.Бо мумфарш кардан ва бунёди корҳои зикршуда ҳолати рафтуомади аҳолӣ, алалхусус ашхоси маъюб, кӯдакон ба мактаб беҳтар гардида, бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мешавад ва хавфи сар задани бемориҳои сироятӣ кам мегардад.
Инчунин, натиҷаи ин амал ба ҳусни маҳаллаҳо ҳусни дигар зам хоҳад кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00