Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон "Рӯзи театр" эълон гардид


Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон "Рӯзи театр" эълон гардид




Ҷиҳати ғанӣ гардонидани фарҳангу маънавиёти кормандони милитсия, эҳтиром ба ҳунари аҳли фарҳангу адаб, осори ҷаҳонгир ва пурғановати ниёгони тамаддунофари тоҷик, тақвият додани принсипи хушахлоқии кормандони милитсия дар муносибат бо ҷомеа ва баланд бардоштани дониши таърихии кормандони милитсия тавассути барномаҳои театрӣ бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар мақомоти милитсияи вилоят рӯзи шанбе "Рӯзи театр" эълон карда шуд. 

Дар ин замина, тибқи нақшаи тасдиқгардида тамоми шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои тамошои намоишномаҳои театрӣ ба Театри вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов сафарбар карда мешаванд. 

Дар навбати аввал ҳайати кормандони ШВКД дар шаҳрҳои Бохтар ва Левакант ба тамошои саҳнаи театрӣ омаданд. 



Ба кормандони милитсия намоишномаи "Арӯси хапак", аз рӯйи асари нависандаи маъруфи тоҷик Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Баҳром Қурбонзода рӯйи саҳна гузошта шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода