Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз ёдгории Ҳалқаҷар зевари тиллоӣ кашф гардид


Аз ёдгории Ҳалқаҷар зевари тиллоӣ кашф гардид




Зимни гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар, ки дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, дахма кашф гардид, ки аз он осори гуногуни таърихӣ, ба монанди зарфҳо ва чароғи сафолӣ, дӯки бофандагӣ, оинаи биринҷӣ, сиккаҳои мисӣ, ашёи оҳанӣ ва зевари тиллоӣ бозёфт шуд. Осори бозёфтшуда мансуб ба замони давлатдории Кушониён (асрҳои II пеш аз мелод III мелодӣ) буда, аз рушди ҳунарҳои кулолгарӣ, мисгарӣ ва заргарӣ дар он даврон гувоҳӣ медиҳанд.

Дахмаро сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев зимни гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо намуд.

Таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳқиқу омӯзиш ва кашфи осори нодири таърихӣ аз ёдгориҳои бостонии ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла ёдгории Ҳалқаҷар мебошад. Дар ин мавзеъ ҳафриётҳо солҳои 1958, 1973, 1981 аз ҷониби бостоншиносон Т. Зеймал, Б.Литвинский ва А. Седов гузаронида шудаанд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ин ёдгориро соли 2001 академик Юсуфшоҳ Яъқубов ва солҳои 2014 ва 2020 мутахассисони Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода, осори гуногуни таърихиро пайдо намудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода