Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Рисолати муҳаррир» ба чоп расид


«Рисолати муҳаррир» ба чоп расид




Бо саҳми идораи рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи “Рисолати муҳаррир”, ба қалами Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” ва Саттор Қарахонов, котиби масъули рӯзнома, аз чоп баромад.

Китоби мазкур аз 118 саҳифа иборат буда, ба фаъолияти бисёрсола ва самарабахши муҳаррирони номдори нашрияи вилоятии “Хатлон” бахшида шудааст, ки ҳар яке аз онҳо дар ташаккули мактаби эҷодӣ саҳми барозанда гузоштаанд. Маводи он аз мусоҳибаву очеркҳо иборат буда, ҳаёт ва фаъолияти муҳарриронро бозгӯ мекунад.

Рӯйи чоп омадани маҷмӯаи нави идораи рӯзномаи “Хатлон” бо номи “Рисолати муҳаррир” ба истиқболи 95-умин солгарди таъсиси нахустин нашрияи вилоятӣ рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати муҳаррирони он ва шогирдони мактабҳои ташаккулёфтаи эҷодии онҳо мебошад.

Китоби мазкур барои мутолиа ва баҳрабардорӣ ба рӯзноманигорон, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва алоқамандони публитсистикаи тоҷик пешниҳод карда мешавад.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода