Гузаронидани амалиёти "Нелегал- 2024" дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 171
Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал-2024", ки аз 7 апрели соли 2024 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии "Нелегал-2024", дар ду марҳила гузаронида мешавад.
Марҳилаи якуми амалиёт бо номи "Нелегал-Трафик" аз 3 то 9 июни соли 2024 бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули Раёсати ВКД, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти мазкур гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва дигар масъулони мақомотҳо дар ҳудуди бозори «Ҳоҷи- Шариф», терминали «Баҳор», ҶДММ «Форсиён» ва ҶДММ «Ҳунари-41» амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 6 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00