Гиромидошти Мавлоно дар ЮНЕСКО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 329
![]()
5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО - шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конфронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ оғоз гардид, ки то 8 июн давом мекунад.
Ба ин муносибат аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ доир гардид, ки он давоми ҳафта ба тамошобинон ва меҳмонон имкон медиҳад, мероси Мавлоноро амиқтар омӯзанд. Ҳамчунин, 7 июн Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба омӯзиши аҳамияти осори Мавлоно баргузор мешавад, ки дар он дар мавзуъҳои «Ҷаҳоншиносии Мавлоно Балхӣ», «Мавлоно Балхӣ ва тасаввуф», «Мавлоно Балхӣ ва адабиёти фалсафӣ», «Ҳуқуқи башар ба ақидаи Мавлоно Балхӣ» ва «Асрори бадеӣ дар осори Мавлоно» маърузаҳои олимони маъруф аз саросари ҷаҳон манзур мегарданд. Шоми 7 ва 8 июн таҳти унвони «Оҳангҳои ҷовидонӣ» барномаи фарҳангӣ аз осори Мавлоно пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...