Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРД БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАД


ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРД БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАД



4 июн дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигуло, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадоии деҳоти  Панҷрўд то шаҳраки Москва дидан намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур 14,5 километрро дар бар гирифта, солњои 60-уми асри гузашта  бунёд гардида буд.  

Гуфта шуд, ки корњои сохтмонӣ моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва бо ҷалбӣ аҳолӣ  ба маблағи 15 миллион сомонӣ оғоз гардида, дар ҳаҷми 4,5 миллион сомонӣ корҳои азнавсозӣ  ба анҷом расонида шуданд. Паҳноии роҳ 6,0 метрро ташкил дода, бо ғафсии 8 см мумфарш карда мешавад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои мумфаршнамоӣ ба масъулин дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфид дод.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода