Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТӢ ВА СТОМАТОЛОГӢ СОХТА МЕШАВАД


ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТӢ ВА СТОМАТОЛОГӢ СОХТА МЕШАВАД




Нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти Файзободи деҳаи Даштигуло аз рафти сохтмони бинои дуошёнаи Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи  замони муосир ба маблағи 7 миллион сомонӣ сохта шуда истодааст. 

Тибқи иттилоъ, бино аз ду ошёна ва ташхисгоҳ, дорухона, маҷлисгоҳ, утоқ барои ЭКГ, ҷаррооҳии ҷоғи руй, утоқи духтури муолиҷавии дандон, утоқи духтури имплантолог, утоқи духтури ортодонг, утоқи духтури ортопантомограмма, лаборотория барои тайёр кардани дандон ва утоқ барои безарар гардонидани асбобҳои стоматологиро дар бар мегирад. 

Баъди пурра ба истифодабарӣ додани иншоот 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода