Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛӢ ҲАМАДОНӢ


ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САИД АЛӢ ҲАМАДОНӢ




Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба марҳилаи дуюми сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Фабрика дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти “Даштигуло” барои таъмини аҳолӣ бо гушти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бобомурод Назаров ба маблағи зиёда аз 2,9 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.


Масоҳати умумии фабрика 0,36 га-ро ташкил дода, таҷҳизотҳои он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Марҳилаи якуми сохтмон дар соли 2021 ба анҷом расида, парвариши 13700 сар парранда ба роҳ монда шудааст.

Марҳилаи дуюми сохтмони фабрика барои парвариши боз 16300 сар парранда ба маблағи зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар маҷмўъ  парвариши 30 ҳазор сар парранда ба роҳ монда мешавад, ки зиёда аз 20 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. 
    
Айни замон сохтмони бинои асосии фабрика ва ҷобаҷогузории таҷҳизотҳои он пурра ба анҷом расида, корҳои рангуборкунии бино, сохтмони роҳравҳо ва кабудизоркунии атрофи он идома дорад.

Сарвазири мамлакат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ин иқдомро дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин хонд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода