САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ФАЪОЛИЯТИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №4 ДАР МАВЗЕИ УРТАБУЗ ШИНОС ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 177
Дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Фархор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пойгоҳи обкашии №4-и ноҳияи Фархор, ки дар мавзеи Уртабузи Ҷамоати деҳоти “Гулшан” воқеъ мебошад дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қубурҳои стеклопластикӣ, ки дар мавзеи сеюми пойгоҳҳои обкашӣ пайваст шуда будаанд, бинобар сабаби фарсуда шуданашон аз соли 2008 аз фаъолият бозмонда буданд.
Дар сурати таъмир намудани он ҳазорон гектар заминҳои кишоварзӣ обёрӣ карда мешавад. Пойгоҳи обкашӣ барои беҳтар намудани иқтидори обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ хеле муфид мебошад. Таъмир намудани он имкон медиҳад, ки вазъи обрасонӣ боз ҳам беҳтар гардад.
Сарвазири мамлакат ба масъулин ҷиҳати таъмир ва таъмини фаъолияти бонизоми пойгоҳи обкашӣ ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамзамон ба масъулин супориш дод, ки ин пойгоҳи обкашӣ дар кутоҳтарин фурсат тъмир карда шуда, ба кор дароварда шавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...