Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ҲАВЗИ ОБТАКШИНКУНӢ ВА СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ


ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ҲАВЗИ ОБТАКШИНКУНӢ ВА СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ



Тибқи нақшаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз корҳои сохтмони ҳавзи обтакшинкунӣ ва  соҳилмустаҳкамкунӣ дар сади дарёи Панҷ шинос шуданд. 

Ёдовар шудан лозим аст, ки бо мақсади дар оянда бо оби соф таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар шавзаи дарёи Панҷ” ва сармояи хориҷӣ дар масоњэҳати 38 гектар ҳавзи обтакшинкунӣ  бунёд гардида истодааст. Бунёди иншооти мазкур ба маблағи зиёда аз 264 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории Бонки Рушди Осиё ба роҳ монда шудааст. 

 Инчунин, масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро дар бар мегирад. Ҳар сол бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Канали Чубек” ва дар доираи лоиҳаҳои пешниҳодгардида корҳои тозакунии маврои дарё ва соҳилмустахкамкунӣ ба роҳ монда мешаванд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода