Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пойбанди қонун бошем


Пойбанди қонун бошем




Имрӯз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти илму маърифат, рушди босуботи кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ, амали нақшаҳои пешбинишуда ва равнақ бахшидани хоҷагии мардум зиёд аст.

Дар ин раванд, барои ҷавонону наврасон озмунҳои гуногуни ҷумҳуривӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ғайра ташкил шудааст. Ин иқдомҳо метавонад сатҳи китобхониро дар ҷомеа баланд бардорад.

Мутаассифона, бар хилофи ғамхориву ташаббусҳои беназири давлату Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз нохалафоне пайдо мешаванд, ки нисбати ҳамаи ин неъматҳо ношукрӣ мекунанд ва ҳамчунин ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайваста, дар ҷомеа нооромӣ ба вуҷуд меоранд.

Кишвари мо дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ба мушкилоти зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардид, ки хисороти зиёди пулию молӣ дошт.

Аз ин рӯ, дар кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил, пешгирӣ аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ намуда, соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, авзои кунунии байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Пеш аз ҳама, ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз сиёсати кишвар пуштибонӣ намуда, барои илму дониш пайвас-та талош кунанд. Зеро аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ашхоси камсаводу зудбовар ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, дар ноором кардани вазъи ҷомеа пайваста талош менамояд. Аз ин лиҳоз, ҷавононро зарур аст, ки дар партави мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор истода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва пайваста пайи ободии кишвари азизамон талош варзанд.

На танҳо ҷавонон, балки ҳама шаҳрвандони кишвари биҳиштосоро мебояд, ки пойбанди қонуну давлати хеш бошем ва берун аз он ба амалу кирдорҳои ношоям роҳ надиҳем. Ҳама қишрҳои ҷомеа бояд муқаррароти қонуну Конститутсияро дар авлавияти зиндагии худ қарор диҳад.

Манучеҳр ШАРИФЗОДА,
пристави Суди ҳарбии гарнизони Хатлон

Дигар хабарҳо

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода