Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХУРОСОН. ТАЪСИСИ КОРХОНАИ САНОАТӢ


ХУРОСОН. ТАЪСИСИ КОРХОНАИ САНОАТӢ




Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон корхонаи нави саноатии ҶДММ "Самараи Хуросон" ба фаъолият оғоз намудааст.

Корхонаи саноатии мазкур хиштҳои сафолин истеҳсол мекунад. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Самараи Хуросон" бо зиёда аз 30 ҷойи кории нав дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Хуросон 32 корхонаи саноатӣ бо 490 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд. 

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон бунёди 204 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст, ки то ба имрӯз беш аз нисфи онҳо мавриди истифода карор гирифтааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода