Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ РАФТИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНИ ДАРЁИ ПАНҶ


БОЗДИД АЗ РАФТИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНИ ДАРЁИ ПАНҶ




Имрӯз Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар садди дарёи  Панҷ дар деҳаи Муҳоҷирободи Ҷамоати деҳоти “Дарқад”ўи ноҳияи Фархор дидан намуд.

Тибқи иттилоъ, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои сел ва мустаҳкам намудани соҳили дарёи мазкур аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, барои бор кардани тахтасангҳо аз деҳаи Чубек дар умум 6 адад автокран ва зиёда аз 181  техникаҳои борбардор аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб ба мавзеи деҳаи Муҳоҷиробод барои васл кардани тахтасангҳои бетонӣ ва оҳани таъмин карда шуданд.

Гуфта шуд, ки бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҷмуъ 2094 тахтасангҳои бетонӣ ва оҳанӣ ба мавзеи хавфноки деҳаи Муҳоҷиробод кашонида шуда, бо 3 автокран, 1 мехлапата ва 1 экскватор васл намуда, мустаҳкам карда шуданд.

Инчунин аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000 метр, Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 960 метр ва бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 баста симтаноб ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ кумак расонида шуд. Дар ин робита дар мавзеи осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода