Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАРХОР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ НАВУ ЗАМОНАВӢ


ФАРХОР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ НАВУ ЗАМОНАВӢ




Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва дигар намояндагони расмӣ бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Дарқади Ҷамоати деҳоти “Дарқад” ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тибқи иттилооти ба дастомада, бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 240 ҷойи нишаст дар як баст мебошад.

Фармоишгари сохтмон  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардониии мактабҳо» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» мебошад.




Сохтмони муассисаи номбурда соли 2023 оғоз шуда, аз 2 ошёна иборат буда, ошёнаи якум аз кабинетҳои фаннии физика, биография, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва дар ошёнаи дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва 4 адад синфхона ҷойгир мебошад. Айни замон корҳои сохтмони барои майдончаи варзишӣ идома дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода