Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ


ВОСЕЪ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ




Имрӯз, 4 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Кӯчабоғи деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ огоҳ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки 18 майи соли ҷорӣ бар асари боронгариҳои пуршиддат сатҳи об дар дарёи Ёхсу баланд гардида, ба деҳаҳои Кӯчабоғ ва Ниҳолпарвар зарар расонида, майдони кишт ва хонаву иншооти ёрирасони сокинон зери обу лой монданд.

Баҳри бартараф кардани офати табиӣ комиссияи махсус аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании азди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки 61 адад манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони шаҳрвандон, ки аз таъсири сел дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов, деҳаи Кӯчабоғ осеб дида, маблағи зарар 236270 сомониро ташкил медиҳад.

Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Восеъ-Кӯлоб 300 метр роҳи мумфарш ва канорҳои роҳ осеб дида, ҳаҷми зарар 17000 сомониро дарбар мегирад. 

Аз таъсири сели омада ва хисорот ба маҷрои дарёи Ёхсу 150 метр садди мӯҳофизатӣ буда, маблағи умумии зарарро Комиссияи МИҲД-и ноҳияи Восеъ оид ба ҳолатҳои фавқулодда муайян карда шуд, ки зарари шаҳрвандон 615601 сомонӣ мебошад.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи обхезӣ 11 гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, боғу токзор, 2 ҳавзи моҳипарварӣ, 80 хоҷагӣ бо иншооти ёрирасон зарар диданд. 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баҳри боз ҳам ҷоннок намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самарноки масолеҳ, ташкили навбатдории шабонарӯзии дастрас кардани масолеҳи сохтмонӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани деҳаҳои назди соҳил ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода