ВОСЕЪ. Боздиди Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмони хати обҳои зеризаминӣ ва рафъи обҳои партов
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 179
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз сохтмони хати коррез ва рафъи обҳои партов воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук дидан намуданд.
Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, бо ташаббуси дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тарафи ҶДММ "Авлиёхуҷа" сохта шудаистодааст.
Дар рафти корҳои сохтмони хати корез ва рафъи обҳои партов 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кортаъмин гардидаанд.
Марҳилаи аввал - корҳои қубурхобонӣ пурра ба анҷом расида, айни замон корҳо дар марҳилаи дуюм – асфалтпӯшнамоии бо маром идома дорад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...