Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОХТАР: МАСЪУЛОН БАРОИ САРИВАҚТ ТОЗА НАКАРДАНИ ПАРТОВГОҲҲО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДАНД


БОХТАР: МАСЪУЛОН БАРОИ САРИВАҚТ ТОЗА НАКАРДАНИ ПАРТОВГОҲҲО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДАНД




Аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию гигиенӣ ва экологии аҳолии шаҳр, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф аст, чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шуда, кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ба табиат харобиовари баъзе аз шаҳрвандон ошкор карда мешаванд.

Тибқи иттилои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар доираи ҳамин гуна коргузории самтӣ кормандони милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Хатлон рӯзи 30-юми майи соли равон чанд далелҳои ба табиат харобиовари баъзе аз шаҳрвандонро ошкор карда, нисбати 15 нафар протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Абукаримов Камолиддин, соли таваллудаш 1986, раиси кумитаи маҳаллаи Ваҳдат, Назаров Зафар, соли таваллудаш 1973, раиси кумитаи маҳаллаи Ҳоҷӣ-Шариф, Юсупов Абос, соли таваллудаш 1966, раиси кумитаи маҳаллаи Баҳор аз зумраи масъулини болозик мебошанд.
Нисбати ин нафарон барои назорат ва тоза накардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода